Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Райс аз ваҳдати ҳукумати Ироқ


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, мегӯяд, раҳбарияти Ироқ дар ҳоли иттиҳодест, ки ҳаргиз дар гузашта надоштааст. Вай афзоиши рӯҳияи марказгароиро дар ин ҳукумат аломати пуштибонии рӯзафзун аз тасмими сарвазири Ироқ, Нурӣ ал-Моликӣ дар саркӯб кардани ситезаҷӯёни шиъа шумурда гуфт: "Ин дар ҳақиқат лаҳзаи сарнавиштсози Ироқ аст, ба шарофати тасмими ҷасуронаи сарвазир ва ваҳдати сарони Ироқ," Райс рӯҳонии зиддиамрикоии Ироқ, Муқтадо Садрро, барои таҳдиди эълони ҷанг дар сурати қатъ нашудани ҳамлаи нерӯҳои Ироқ ва Амрико ба Артиши Маҳдӣ, мавриди тамасхур қарор дод.
XS
SM
MD
LG