Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои зиёди корд дар ноҳияи Измайловои шаҳри Маскав кашф шудааст. Дар ҳамин ҷо низ мошини ВАЗ-07-и ӯ низ дарёфт шуда, гумон меравад, вай бо кирокашӣ машғул буда ва ҳадафи ғоратгарӣ қарор ёфтааст. Ҷасади як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, Пираҳмад Дӯстов аз рӯдхонаи Маскав дарёфт гашта, полис дар бораи ҷузъиёти ҳалокати ӯ иттилоъ надодааст.
XS
SM
MD
LG