Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як омӯзгори афғон дар задухӯрди марзии Эрону Афғонистон


Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, дар задухӯрди рӯзи шанбе миёни полиси афғон ва сарбозони Эрон дар марзи ду кишвар як омӯзгори афғон кушта шудааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, даргирӣ дар рустои Пули Абрешими вилояти Нимрӯз дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки дидбонҳои сайёри эронӣ бо даъвои марзӣ вориди қаламрави Афғонистон шудаанд. Ин манбаъ мегӯяд, ду афсари эронӣ дар ин даргирӣ захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG