Пайвандҳои дастрасӣ

Райс ба таҳдидҳои Садр тамасхур зад


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, рӯҳонии зиддиамрикоии Ироқ, Муқтадо Садрро, барои таҳдиди эълони ҷанг дар сурати қатъ нашудани ҳамлаи нерӯҳои Ироқ ва Амрико ба Артиши Маҳдӣ, мавриди тамасхур қарор дод. Дар як сафари эълоннашуда ба Бағдод, хонуми Райс гуфт, Садр аз паноҳгоҳи худ дар Эрон эълони ҷанг мекунад ва пайравони худро ба куштан медиҳад. Райс бо сарвазири Ироқ, Нурӣ ал-Моликӣ ва раисиҷумҳур Ҷалоли Толибонӣ мулоқот карда, аз бархӯрди онҳо бо Артиши Маҳдӣ ситоиш намуд.
XS
SM
MD
LG