Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари рус дар Қирғизистон захмӣ шудааст


Шаби гузашта дар Қирғизистон як афсари Руссия тир хурдааст. Раҳматуллоҳ Аҳмадов-сухзангуи вазорати дохилаи Қирғизистон гуфтааст, ду афсари рус ҳангоми ҳаракат бо мошин аз пойгоҳи ҳавоии Кант дар наздикии Бишкек ба огаҳии навбатдорони посгоҳ итоъат накардаанд ва роҳи худро идома додаанд. Пулис маҷбур шудааст, ба нишонаи ҳушдор оташ гушояд. Аммо Виктор Харченко-сухангуи сафорати Руссия мегуяд, чаҳор мард савори мошини бидуни рақами давлатӣ дар назди пойгоҳи низомӣ мошини афсарони русро муттаваққиф кардаанд, онҳоро задаанд ва сипас ба якеашон тир холӣ кардаанд
XS
SM
MD
LG