Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Бритониё аз музокироити сулҳ дар Покистон


Бритонё мегуяд, аз талошҳои Исломобод барои музокира ба хотири анҷоми нооромиҳо дар манотиқи шимоли ғарби қабиланишини Покистон ҷонибдорӣ мекунад. Дэвид Милибанд-вазири хориҷаи Бритониё зимни суханони худ дар Пешовар гуфт, музокироти сулҳ дар манотиқи қабиланишини Покистон дар имтидоди марз бо Афғонистон барои пирузӣ дар ҷанг бар зидди террор дорои аҳамияти фавқулъодда аст. Дар ин манотиқ миёни нируҳои давлати Покистон ва ҷонибдорони Толибон зуд-зуд даргирӣ рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG