Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиъатномаи размандагони собиқи ИНОТ


Гурӯҳе аз размандагони собиқи ИНОТ-и ба ниҳодҳои низомии кишвар ҳамроҳшуда ба унвони Президенту Маҷлиси олии кишвар ва СММ муроҷиъатнома ирсол намудаанд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини нерӯҳои мусаллаҳи мухолифини тоҷик, ки феълан мансаби сардори шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар минтақаи Раштро бар уҳда дорад, ҳамроҳ бо гурӯҳе аз размандагони пешини мухолифин тарҳи як муроҷиъатномаеро ба номи Президент ва Маҷлиси олии Тоҷикистон ва низ Созмони милали муттаҳид омода кардааст.
Оқои Аҳмадов мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки аз замони ҳамоиши мухолифини пешини тоҷик ба сохторҳои интизомӣ ва низомии кишвар 9-10 сол сипарӣ мешавад, ҳанӯз эътироф ва шинохти онҳо дар асноди расмӣ сурат нагирифтааст. Зеро, афзуда мешавад, то кунун дар дафтарчаи меҳнатии ҳеҷ яке аз онҳо солҳои хидмат дар сафи ин сохторҳо сабт нашудааст.
Дар муроҷиъатнома инчунин омадааст: «Талошҳои мукаррари мо барои дарёфти посух дар вазорати дохилаи Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид. Зеро бо гузашти тақрибан 10 сол аз замони ҳамоиши нерӯҳои мо ба сохторҳои интизомӣ ва низомии кишвар масъулини ин сохторҳо дар амри эътироф ва шинохти расмӣ ва, ба вижа, қайди ин солҳо ба сифати собиқаи корӣ дар дафтарчаҳои меҳнатӣ кореро анҷом намедиҳанд».
Мирзохӯҷа Аҳмадов дар таъйиди таҳияи муроҷиатномаи мазкур ба унвони президент, Маҷлиси олии Тоҷикистон ва СММ-ро таъйид карда, гуфт, ӯ ва тақрибан 80 нафар аз размандагони собиқи мухолифин, ки баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ бо ниҳодҳои интизомии давлат ҳамроҳ шуданд, бо ин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Чунин муносибати давлат, афзуд ӯ, бозгӯи он аст, ки эътимод бо мухолифини пешин аз ибтидо таҳти савол будааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиноси масоъили низомӣ Маҳдии Собир муътақид аст, ки шояд даргирии миёни ҳайъати эъзомии вазорати дохила бо бахши минтақавии ин вазорат дар моҳи феврали соли равон дар Ғарм Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамсафонашро дар таҳияи ин нома таҳрик дода бошад. Зеро, тазаккур медиҳад ӯ, шароити сабти собиқаи кории корманди низомӣ аз шаҳрванди одӣ дар санадҳо фарқ дорад ва собиқаи кориву рутбаи кормандони сохторҳои қудратӣ дар парвандаи шахсӣ ва билети ҳарбӣ сабт мешавад, на дар дафтарчаи корӣ.
Ин ҳам номаи аввалин нест, ки фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик ба унвони мақомоти кишвар ирсол мекунанд. Ду рӯзи қабл ҷамъе аз фармондеҳони пешини мухолифин аз нерӯҳои марзбонии кишвар бо ироъаи нома унвонии Маҷлиси намояндагон аз қатъи пардохти ҳуқуқи бознишастагии худ аз сӯи мақомот шикоят карда буданд. Ин размандагон то моҳи феврали соли равон маблағи бознишастагии худро дарёфт мекардаанд, аммо бо далоили номаълум дар моҳҳои ахир онҳо аз гирифтани нафақапулӣ маҳрум шудаанд.
Зимнан, дар арафи таҷлил аз 10-умин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва сипас дар арафаи таҷлил аз Иҷлосияи 16-умии Шӯрои олӣ 3 тан аз роҳбарони мухолифини пешин – Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Муҳамадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ, вакилони ҲНИТ дар Маҷлиси намояндагон – бо иросоли нома аз президенти кишвар дархости афв ба размандагон ва нобуд кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи пешвоёни мухолифинро карда буданд.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, мегӯяд, ки ҳадаф аз ин муроҷиат расидагӣ ба ин қазия аст, зеро ба муроҷиъатҳои мукаррари онҳо дар ин замина то ҳанӯз дар вазорати дохила посух надодаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ҳамчунин маротибае ҳам, ки дафтарчаҳои кории худро ба ин вазорат фиристодаанд, бидуни сабти кадом ҳарфи нав дубора бозпас гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG