Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргирии нируҳои афғониву иронӣ дар марз


Вазорати дохилаи Афғонистон мегуяд, пулиси ин кишвар рузи шанбе бо нируҳои Ирон дар марзи миёни ду кишвар вориди даргирӣ шудааст. Ба гуфтаи вазорати дохила, баъд аз он, ки
нируҳои Ирон вориди қаламрави Афғонистон шудаанд, дар деҳи Пули Абрешуми вилояти Нимруз даргирӣ рух додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, дар ин даргирӣ ду нафар аз ҷониби Ирон захмӣ шудаанд. Генерал Аюб Бадахшӣ-раиси пулиси вилояти Нимруз гуфтааст, ҳангоми табодули оташ як муъаллим аз деҳи Пули Абрешум кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG