Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ: сулҳ ё оғози ҷанги нав?


Тарафдорони ал-Садр ба ҷанг омодаанд

Тарафдорони ал-Садр ба ҷанг омодаанд

Муқтадо ас-Садр ба ҳукумати Ироқ ҳушдор дод, ки нерӯҳои давлатӣ ва амрикоӣ ба саркӯбии пайравони ӯ хотима диҳанд.

Ас-Садр таҳдид кардаааст, ки дар акси ҳол онҳо ба хатари ҷанг бо пайравони ӯ дучор хоҳанд шуд.
Салоҳ ал-Убайдӣ, сухангӯи Муқтадо ал-Садр, эъломияи Садрро дар шаҳри Наҷаф ин гуна қироъат кард: "Ман бори ахир ҳушдор медиҳам ва ҳарфи ахир ба ҳукумати Ироқ ин аст: Ё ба эҳсосоти онҳо бармехӯрад ва роҳи сулҳро пеш мегиранд, ё ба сарнавишти ҳукумати пешин гирифтор мешаванд. Вуруди афроди мо ба ҳукумат моро бознамедорад ва мо дар он сурат то замони озодӣ ҷанги ошкоро эълон мекунем".
Бино ба баъзе хабарҳо, Муқтадо ал-Садр дар Эрон ба сар мебарад ва хостори истиқлол ва тамомияти арзии Ироқ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ас-Садр аз нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ интиқод кардааст, ки вай бо нерӯҳои Амрико ҳампаймон шудааст. Садр мегӯяд, ки аз замони эълони оташбас дар моҳи августи соли 2007 ӯ аз муқовимат бо ташаннуҷ хаста шудааст. Ҳукумат дар посух ба ин оташбас дафтарҳои онҳоро бастааст ва ба суиқасди афроди онҳо пардохтааст.
Муддате пеш ҳукумати Ироқ дар Бағдод аз Муқтадо ал-Садр тақозо кард, ки «Артиши Маҳдӣ»-ро пароканда кунад. Ҳукумат ҳамчунин хоста буд, ки ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ сохтмонҳои давлатиеро, ки замоне ба тасарруфи худ дароварда буданд, холӣ кунанд.
Ҳушдори Муқтадо ал-Садр замоне садо медиҳад, ки ҳукумат дар бораи пешрафтҳои худ дар муҳорибаҳои алайҳи гурӯҳҳои Садр дар шаҳри Басра хабар додааст. Рӯзи шанбе нерӯҳои Ироқ бо ҳимояти нерӯҳои Амрико ва Бритониё дар маҳалли Ҳаёнияи шаҳри Басра, ки дар он ситоди Муқтадо ал-Садр воқеъ аст ва ба таври ҷиддӣ дар ин минтақа аз Садр ҷонибдорӣ мекунанд, амалиётеро оғоз карданд. Дар бораи талафоти ба боромада аз ин амалиёт гузориши дақиқ вуҷуд надорад, вале дар шаҳр қуюди шабгардӣ эълон шудааст.
Эъломияи Садр тавассути баландгӯҳои масҷид қироъат шудааст ва дар он аз аҳолии маҳаллӣ даъват мешавад, ки бар зидди ишғолгарон биҷанганд. Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Бағдод мегӯяд, танҳо он чи, ки мардуми Ироқ мехоҳанд, сулҳ аст: "Мо умед дорем, ки ҷанги дигаре нахоҳад шуд. Ироқиҳо набояд байни худашон биҷанганд. Ман умед дорам, ки зарб-ул-аҷали Садр зарб-ул-аҷали сулҳ хоҳад буд".
Ин ҳама дар ҳолест, ки даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Садр се ҳафта пеш шуруъ шуда буд. Доманаи ин даргириҳо ба манотиқи дигари Ироқ кашонда шуд, ки дар натиҷа садҳо нафар ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, тундравон халъи силоҳ нашуданд, гузашта аз ин, таҳдид кардаанд, ки бо аслиҳаи худ ба хиёбонҳо хоҳанд омад.
XS
SM
MD
LG