Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари сармо ба токзорҳои ноҳияи Панҷакент


Раёсати кишоварзии ноҳияи Панҷакент гуфтааст, дар натиҷаи сармои шадиди зимистони гузашта дар ин ноҳия ҳудуди 500 ҳазор ҳектор токзори воҳидҳои кишоварзӣ нобуд ва қисми дигар зарари ҷиддӣ дидааст. Фируз Ёров-муовини раёсати мазкур ба хабарнигори радиои Озодӣ дар панҷакент гуфтааст, ин токзорҳо яке аз манобеъи даромади иқтисодии ноҳия ба шумор меравад. Токзорҳо ва боғоти хусусии аҳолӣ низ аз ин офати табиӣ зарар дидаанд. Ба ҳисоби коршиносони ноҳия дар соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия аз 2 ҳазор тон ҳосили ангур маҳрум хоҳанд шуд. Корхонаи шаробкашии "Марғедар" низ, ки ҳафт навъ шароб тавлид мекунад, мумкин аст бекор монад ва коргаронаш аз ҷои кори худ маҳрум шаванд.
XS
SM
MD
LG