Пайвандҳои дастрасӣ

Каримов ба дидори Назарбоев меравад


Дафтари матбуъотии раиси ҷумҳури Узбакистон эълон кардааст, ки Ислом Каримов 22, 23-юми апрел аз Қазоқистон боздид ва бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд. Боздиди Каримов дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта Қазоқистон эълон кард, ки то моҳи сентябр фуруши ғалларо ба хориҷ мамнуъ мекунад. Узбакистон соле аз Қазоқистон 120 ҳазор тон гандум мехарад. Дар ҳамин рузҳо Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон низ дар Бишкек бо Нурсултон Назарбоев мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG