Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави «Садои ҳамватан»


Гурӯҳе аз мардикорони тоҷик дар Русия
Гурӯҳе аз мардикорони тоҷик дар Русия

Шумораи навбатии барнома ба мавзӯъи муҳоҷирати меҳнатӣ бахшида шудааст. Мо дар он ба шумо матолиби зайлро пешкаш мекунем.

Ҷамъияти муҳоҷирони тоҷики муқими вилояти Свердловски Русия дар мавсими нави муҳоҷират низ барои тоҷикон душвориҳоро истисно намедонад;
Дар Тоҷикистон мекӯшанд бидуни омодагӣ муҳоҷирони нави корӣ ба Русия сафар накунанд.
Мушкилиҳои афзояндаи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик
Муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳангоми гузаштан аз марзҳо мавриди таҳқири марзбонон ва кормандони гумрук қарор мегиранд. Турсуной Зокирова, зане аз Тоҷикистон, дар Русия барандаи озмуни телвизюнии экстрасенсҳо ё ғайбдонҳо шуда, ҳаққи ширкат дар озмуни Амрикоро пайдо кардааст.
Хабаре, ки муҳоҷирини кории тоҷикро шод нахоҳад кард, ин аст, ки ҳафтаи гузашта нархи билети ҳавопаймо тақрибан 30 дарсад боло рафт. Мо аз додани маълумоти дақиқ дар бораи ширкати ҳавопаймоӣ ва хатти парвоз ҳоло худдорӣ мекунем, то худатон дар идомаи барнома онро бишнавед. Вале нуктаи дигареро, ки мехоҳем матраҳ кунем, мавсими баҳории муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ба вилояти Свердлов аст. Ин вилоят нисбат ба манотиқи дигари Русия шумораи бештари муҳоҷирони кории тоҷикро мепазирад, ҳарчанд чанд соли пеш баъзе мақомоти инҷо муҳоҷирони тоҷикро қочоқчиёни аслии маводди мухаддир дар вилоят ном бурда буданд. Бо вуҷуди ин, ҷамъияти тоҷикони ин вилоят бо номи "Сомон" тавонист бепояву пӯч будани ин сару садоҳоро тавзеҳ диҳад.
Сол то сол муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ бештар ҷанбаи сартосарӣ мегирад ва чунин ба назар мерасад, ки аксари аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирон рӯзгори худро гардон мекунанд. Афзоиши муҳоҷирати корӣ тарафҳои дигар низ дорад. Фақру нодорӣ водор мекунад, ки муҳоҷирон бидуни омодагии зарурии ҳуқуқиву маънавӣ ба ин кишвар бори сафар мебанданд ва баъд аз вуруд ба он мувоҷеҳи душвориҳои муҳоҷират мешаванд.
Турсуной Зокирова – беҳтарин фолбин дар Русия
Ҳаводорони барномаҳои саргармкунандаи шабакаи телвизюнии ТНТ-и Русия чанд моҳ бо шӯру шавқ озмуни экстрасенсҳо ё ғайбдонҳоро мушоҳида мекарданд. Дар ин барнома ширкатунандагон ҳунари ғайбдонии худро ё фолбинии худро дар ҳузури тамошочиён нишон медоданд ва ба суъолҳо посух мегуфтанд. Шаҳрванди Тоҷикистон Турсуной Зокирова низ дар миёни 9 фолбини машҳури Русия ва кишварҳои ИДМ вориди сабқат шуд. Баъд аз санҷишҳои шадид Турсуной бо ду нафари дигар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Тафсилоти бештарро дар ин бора низ метавонед дар идомаи барнома бишнавед.
XS
SM
MD
LG