Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капсули истгоҳи мадории Союз ба замин баргашт


Ду кайҳоннаварди Руссия ва нахустин кайҳоннаварди Курёи Ҷанубӣ дар Қазоқистон ба замин фуруд омаданд. Капсули ҳомили ин се нафар, ки аз Истгоҳи Байналмиллалии Парвоз ҷудо шуда буд, маҳали фурудро пайдо накард ва 400 километр аз маҳали пешбинишуда дуртар ба замин фуруд омад. Вале гуруҳи нозирони Руссия ин се кайҳоннавардро ба зудӣ пайдо карданд ва мегуянд, саломати онҳо хуб аст.
XS
SM
MD
LG