Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи байналмиллалии касабакорон дар Душанбе


Бино ба иттилоъи хабаргузории "Авесто", имруз дар шаҳри Душанбе дар "Кохи Ваҳдат" ҷашнвораи байналмиллалии касабкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ирон ва Афғонистон гушоиш ёфт. Дар хабар омадааст, ки ин ҷашнвора ба "Рузи Пойтахт" ихтисос дорад ва дар он осори қадимии ҳунари заргарӣ ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин ҷашнвора ҳудуди сад ҳунарманд ширкат мекунанд. Ин ҷашнвораро Бунёди байналмиллалии "Ҳафт Пайкар", Бунёди Евразия ва маркази фарҳангии "Бактрия" ё "Бохтар" ташкил кардаанд.
XS
SM
MD
LG