Пайвандҳои дастрасӣ

М. Аҳмадинажод: "Нархи нафт ҳанӯз ҳам поин аст"


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон гуфтааст, нархи нафт, ки акнун ба қимати рекордии 115 доллар барои ҳар бушка расидааст, ҳануз ҳам хеле поин аст. Аҳмадинажод ба сомонаи як шабакаи телвизюнӣ гуфтааст, нафт колои стротегист ва "бояд арзиши аслии худро дошта бошад".

Содироти нафт дар Ирон феълан 80 дарсади содироти хориҷии ин кишварро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG