Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргириҳо дар шаҳрҳои Басра ва Носирияи Ироқ


Дар Ироқ ҳангоме, ки нируҳои давлатӣ дар Басра ба маҳали ҷонибдор аз Муқтадо-Ал-Садр-руҳонии тундрави шиъа ворид шуданд, даргирии шадид шуруъ шуд. Хабарнигори Ройтерз, ки дар Басра қарор дорад, гуфтааст, ки субҳи зуд садои тирандозӣ аз аслиҳаи сақил ва садои инфиҷорҳоро шунидааст. Ба гуфтаи хабарнигори Ройтерз, ин шадидтарин даргирӣ дар чанд ҳафтаи ахир дар ин шаҳри ҷанубии Ироқ будааст. Моҳи гузашта Нурӣ-Ал-Моликӣ-нахуствазири Ироқ бар зидди гуруҳҳои Садр амалиёти саркубгарона оғоз кард. Бино ба гузоришҳо, шаби гузашта дар шаҳри Носирия низ миёни нируҳои давлатӣ ва Муқтадо-Ал-Садр даргириҳо ба вуқуъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG