Пайвандҳои дастрасӣ

Путин «издивоҷ» бо Кабаеваро рад кард


Владимир Путин ва Алина Кабаева

Владимир Путин ва Алина Кабаева

Алина Кабаева, варзишгари маъруфи ҷаҳон, соли гузашта дар як мусоҳиба аз тариқи телевизион гуфт, ки хоҳиши ширкат дар Олимпиадаи Пекинро дорад, аммо...

...Аммо, дар ҳамин ҳол, ӯ “модари хуб будан, фарзанд ба дунё овардан ва оилаи хуб ташкил карданро” авлотар медонад.
Алина феълан хаёли пирӯзӣ дар Бозиҳои олимпиро аз сар дур кардааст ва, ба навиштаи нашрияи “Московский корреспондент”, ба тӯйи арӯсияш дар шаҳри Санкт-Петербург омодагӣ мегирад.
Ва домоди нектолеъ, менависал нашрия, на фарди қаторӣ, балки… раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин аст. “Московский корреспондент” хабар додааст, ки Путин ду моҳ пеш аз хонумаш Людмила ҷудо шудааст ва ҳадаф дорад рӯзи 15-уми июни соли равон бо Алина Кабаеваи 24-сола издивоҷ кунад. Нашрия меафзояд, ки “атрофиёни Путин хуб медонанд, ки раисҷумҳур мисли ҳар марди солим ба хонумҳои зебову хушқаду баст таваҷҷуҳ дорад”.
“Московский корреспондент” зимни пахши ин хабари пурҳангома ба як манбаъи наздик ба раиси ширкате ишора кардааст, ки гӯиё баргузории маросими ақди никоҳ ва тӯи арӯсии Путин ва Кабаева дар Санкт-Петербургро бар уҳда дорад. Ин манбаъ ба нашрия гуфтааст, ки тӯйи арусӣ дар Кохи «Константиновский» – кохе, ки ду сол пеш Владимир Путин сарони кишварҳои пешрафтаи саноатии оламро пазироӣ карда буд, – доир хоҳад шуд.
Баъд аз нашри ин матлаб дар бораи издивоҷи Путин ва Кабаева овоза дар ин бора сартосари Русияро фаро гирифт. То куҷо ҳақиқат доштани ин овозаҳоро дар нишасти хабарии муштараки Владимир Путин ва сарвазири ояндаи Италия Силвио Берлусконӣ дар ҷазираи Сардиния аз худи ӯ суол карданд. Раисҷумҳури Русия ин овозаҳоро рад карда, иддаъо намудааст, ки дахолат ба зиндагии шахсияшро хуш надорад: «Ҷомиъа, албатта, бояд бидонад, ки афроди масъул чи рӯзгоре доранд. Вале дар ин бобат ҳам, ба ҳар ҳол, маҳдудиятҳое мавҷуданд ва ин зиндагии шахсӣ аст, ки касе барои дахолат ба он ҳақ надорад.
Намоядаи Алина Кабаева ҳам овозаҳо дар бораи издивоҷи ӯ бо Владимир Путинро рад кард. Ва аммо сардабири нашрияи “Московский корреспондент” Григорий Нехорошев мегӯянд, ки хабарнигорон барои пайдо кардан далелҳои муътамад ва тафтиши онҳо як ҳафтаро сарф карданд. Дар ҳамин ҳол сомонаи интернетии «Скандалы.ru» хабар дод, ки баъд аз нашри ин матлаб кормандони ФСБ-Хадамоти федеролии амният ба идораи нашрияи “Московский корреспондент” омада, хабарнигоронро мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол раиси ҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ аз хонумаш ҷудо шуда, бо овозхон ва топ-модел Карла Брунӣ издивоҷ кард.
XS
SM
MD
LG