Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости нашриядорони тоҷик


Сардабирони нашрияҳои мустақил бо ирсоли як номаи муштарак унвонии шаҳрдории пойтахт нисбати қарори ҳукумати шаҳри Душанбе дар бораи манъи фурӯши анвои мухталиф, аз ҷумла нашрияҳо дар хиёбонҳои шаҳр изҳори норозигӣ карданд. Ба қавли сардабирони нашрияҳо, чунин иқдоми шаҳрдорӣ метавонад, хонандагони рӯзномаҳоро коҳиш диҳад ва оянда мунҷар ба муфлисшавии нашрияҳо шавад.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мегӯяд, ба бунгоҳи ин иттиҳодия шумори зиёди паҳнкунандагони рӯзномаҳо, аз чунин як қарор шикоят карда, гуфтаанд, ки кормандони низомӣ онҳоро намегузоранд, монанди ҳарвақта рӯзномафурӯшӣ кунанд. Оқои Саттор гуфт, дар номае, ки унвони раиси шаҳри Душанбе ирсол кардаанд, омадаааст, ки дар тамоми дунё фурӯши кӯчагии рӯзномаҳою ҳафтаномаҳо яке аз роҳҳои паҳн кардани рӯзномаҳо аст ва ин тасмими шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки дар пойтахт дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ хеле кам буда, дигар ҳеҷ гуна системаи алтернативии расонидани рӯзномаҳо ба хонандагон вуҷуд надорад. Оқои Саттор афзуд, дар номаи сардабирон аз шаҳрдорӣ хоста шудааст, ки паҳнкунандагони ҳафтаномаҳоро аз сақичфурӯшҳою носфурӯшҳо фарқ кунанд.

Агар қарори шаҳрдорӣ, амалӣ шавад, беш аз 500 сокини пойтахт, ки ба рӯзномафурӯшӣ шуғл доранд, бе ҷои кор мемонанд. Ҳалима Шарифова, як рӯзномафурӯш мегӯяд, неруҳои пулис ӯро намегузоранд, ки рӯзномафурӯшӣ кунад. Вай мегӯяд, неруҳои пулис ӯро аз як маблағи ночиз, ки аз фурӯши рӯзномаҳо барояш мемонад, маҳрум кардаанд ва ӯ акнун намедонад, аз куҷо шуғли дигар пайдо кунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони Душанбе бо нигаронӣ мегӯянд, ин қарори шаҳрдорӣ дастрас намудани рӯзномаҳоро барояшон мушкил кардааст. Фарҳод Комилов, як сокини пойтахт, мегӯяд, ин ҳафта натавонистааст, рӯзномаҳои дӯстдоштааш, «Нигоҳ»-у «Миллат» ва «Фараж»-у «Наҷот»-ро дар хиёбони Рӯдакӣ дастрас кунад.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе дар посух ба номаи сардабирони рӯзномахои мустақил гуфтааст, дар ин қарор фурӯши рӯзномаҳо дар назар дошта нашудааст.

XS
SM
MD
LG