Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари расмии раисҷумҳури Қирғизистон ба Қазоқистон, ба таъйиди аҳли назар, барои ин кишвар муваффақона анҷом ёфт.

Дар натиҷаи ин сафар ва мулоқоти сарварони ду кишвар чанд асноди муҳими ҳамкорӣ дар риштаҳои гуногун ба имзо расид. Сарвари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъкид кард, ки кишвараш омода аст, ҳама масоилеро, ки ба Қирғизистон ва рушди ҳамкории дуҷониба ёрӣ мерасонанд, ҳаллу фасл намояд.

Дар ин робита аввалин иқдоме, ки аз ҷониби Қазоқистон пиёда шуд, ин кишвар дархости ҷониби Қирғизистонро дар бораи то ба 90 рӯз дар Қазоқистон бидуни сабти ном зиндагӣ кардани шаҳрвандони Қирғизистон пазируфт. Ҳамчунин, ҷониби Қазоқистон иброз дошт, ки минбаъд низ сармоягузории хешро ба иқтисоди кишвари ҳамсоя боло хоҳад бурд. Алъон, таври маълум, Қазоқистон дар байни кишварҳои сармоягузор ба иқтисоди Қирғизистон мақоми аввалро ишғол менамояд. Гардиши колои ҳарду кишвар ба беш аз ним миллиард доллари амрикоӣ расидааст ва ҷонибҳо мақсад доранд, ки ин рақамро вақтҳои наздик ба 1 миллиард доллар расонанд.

Ҳамаи ин пазироии гарми Қурмонбек Боқиев дар Остона ва ваъдаву амалҳои мушаххаси ёрии Қазоқистонро, коршиносон ба ҳалли масоили марзии ду кишвар ва қарори парлумони Қирғизистон дар бораи ба ихтиёри Қазоқистон гузоштани 4 осоишгоҳи, ба истилоҳ ҷанҷолии Иссиқкул марбут медонанд. Таври маълум, қабл аз сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Остона парлумони ин кишвар ин осоишгоҳҳоро, ки дар даврони шӯравӣ Қазоқистон бунёд карда буд ва баъди истиқлол атрофи он баҳсҳо идома дошт, ба муддати 49 сол ба Қазоқистон супурд. Вале мухолифини Қирғизистон ва бархе аз қишри ҷомиаи кишвар ба ин тасмими парлумон шадидан норизоӣ ва ҳатто онро хиёнат ба Ватан арзёбӣ карданд. Вале Қурмонбек Боқиев дар ин робита гуфт, аз он ки соҳиби ин осоишгоҳҳо Қазоқистон мешавад, онро ин кишвар бо худ намебарад ва он осоишгоҳҳо дар Қирғизистон мемонанд.

Дар ҷараёни сафар байни сарони ду кишвар атрофи мавзӯи бунёди Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ низ табодули назар сурат гирифт. Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон таъкид кард, ки кишвараш ин ибтикорро, ки аз ҷониби Қазоқистон ба миён гузошта шуда буд, ҷонибдорӣ мекунад. Вай гуфт, бидуни шубҳа аз чунин иттиҳод кулли кишварҳои минтақа бурд хоҳанд кард ва сарвари Қирғизистон изҳори итминон кард, ки он ба ҳеч ваҷҳ ба амнияти кишварҳои минтақа таҳдид намекунад.

Ҳамзамон, Қурмонбек Боқиев аз баъзе кишварҳои минтақа, ки алъон дар ин масъала мавқеи хешро муайян накардаанд, гилагузорӣ кард. Нурсултон Назарбоев бори дигар аз бартариҳои ин иттиҳод барои кишварҳои минтақа ёдовар шуд.

Ба гуфтаи сарвари Қазоқистон, панҷ кишвари минтақа аз нигоҳи рушди иқтисодӣ ва самти рушди хеш дар маҷмӯъ аз ҳам тафовут доранд. Вале чунин иттиҳоди иқтисодӣ зарур аст, зеро минтақа дорои захоири бузурги энергетикист ва худро бо гоз, нафт, ангишт таъмин менамояд ва дар масоили захоири обу энергетикӣ низ бо ҳам иртибот доранд. Раисҷумҳури Қазоқистон афзуд, ки бо бунёди ин иттиҳод барои одамони оддӣ ҷиҳати озодона сафар ва дар ҷои зарурӣ кор пайдо кардан ва ҳамчунин гардиши озоди сармоя имкониятҳои бузург пайдо мегарданд.

XS
SM
MD
LG