Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амри Путин дар мавриди Гурҷистон


Вазорати умури хориҷаи Русия имрӯз гуфт, раиси ҷумҳур Владимир Путин дастур додааст, то ҷиҳати ба эътидол овардани муносиботи ин кишвар бо Гурҷистон ва рафъи таҳримоти иқтисодии зидди он чораҳо андешида шавад. Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, “Владимир Путин амр додааст, то ки барои ба эътидол овардани ҳамкориҳо бо Гурҷистон иқдомоти амалии дигар иҷро шавад.”

Ба гуфтаи вазорат, равобити байни идораҳои почтаи ду кишвар бояд аз сар гирифта шавад, маҳдудият дар додани раводид ба шаҳрвандони Гурҷистонро лағв шавад ва барои рафъи таҳрим ҷиҳати воридоти маҳсулоти Гурҷистон машваратҳо сурат бигиранд. Ду рӯз пеш аз ин дастур, Русия бо эълом доир ба тақвияти равобиташ бо манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон хашми ин кишварро барангехт.

XS
SM
MD
LG