Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедодгарии табиат дар Тоҷикистон


Пас аз зимистони қаҳратун дар Тоҷикистон акнун селу обхезиҳо дар кишвар бедодгарӣ мекунанд. Бино ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Хатлон, бар асари сел дар як рӯдхонаи ин минтақа даҳҳо хона ва киштзорҳои васеъ осеб дидаанд. Як рӯз пештар аз ин ҳодиса Идораи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал (ОСНА) аз эҳтимоли вуқӯъи фалокатҳои табии нав дар Тоҷикистон ҳушдор дода ва барои омодагӣ ба рафъи паёмадҳои он ва кӯмак ба осебдидагон тақрибан 2 миллион доллар кӯмак хост.Мишел Монтас сухангӯи дабири кулли Созмони Милал рӯзи панҷшанбе бо эъломи ин хабар ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон ба фалокати дигаре рӯ ба рӯ шудааст ва барои рафъи он бояд тадобири фаврӣ андешид: "Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал ҳушдор медиҳад, ки ҳуҷуми малах бо назардошти мусоъидии ҳаво ва маҳви нимкораи тухми он дар соли гузашта ниҳоят сахт хоҳад буд. Муассисаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милал 500 ҳазор доллар мехоҳад, то таҷҳизоту доруворӣ бихарад. Агар ин кӯмак то ҳафтаи оянда нарасад, муассисаи мазкур қодир ба ҷилавгирӣ аз ҳамлаи васеъи малахҳо нахоҳад буд. "
XS
SM
MD
LG