Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳосираи қароргоҳи пайравони Ал-Садр


Нерӯҳои ҳукумати Ироқ имрӯз дафтари пайравони рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо ал-Садрро дар шаҳри Басра муҳосира карданд. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ Абдулкарим Халаф гуфт, вазорат аз нахуствазир дастур гирифтааст, то дар муддати 48 соат тамоми қароргоҳҳои ҳукуматӣ, ки аз тарафи аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ дар Басра ишғол шудаанд, ба ихтиёри ҳукумат баргардонда шавад. Гузорише доир ба такрори даргирӣ миёни шибҳанизомиёни Муқтадо Садр ва нерӯҳои ҳукумати Ироқ нарасидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG