Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти НАТО аз мавқеъи Гурҷистон


Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ имрӯз дар баробари қасди Русия ҷиҳати таҳкими равобиташ бо Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ аз мавқеи Гурҷистон ҳимоят кард. Сухангӯи НАТО Ҷеймс Аппатурай гуфт, ин паймон хоҳони он аст, то Русия аз ин қасди худ даст бикашад. Ҳамчунин имрӯз раҳбари Шӯрои Амнияти Созмони Милал Думисанӣ Кумало гуфт, дархости Гурҷистон барои баррасии қарори Русия ғолибан аввалҳои ҳафтаи оянда дар ин шӯро баҳс мешавад. Гурҷистон мегӯяд, Русия бо тасмим ҷиҳати тақвияти равобит бо Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон истиқлоли ин кишварро халалдор кардааст.
XS
SM
MD
LG