Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломи Исроил доир ба шаҳраксозӣ


Вазорати манзил ва меъмории Исроил имрӯз барои бунёди 100 бинои истиқоматӣ дар шимоли Канораи Ғарби Рӯди Урдун музояда эълом кард. Чанд рӯз пештар аз ин эълон мақомоти расмии Исроил гуфта буданд, ки дар бораи бунёди хонаҳои нав дар Канораи Ғарб ба зудӣ хабар хоҳанд дод. Қарор аст, хонаҳои нав дар шаҳраки Ариэл сохта шавад. Исроил умедвор аст, ки дар созиши ниҳоии сулҳ бо Фаластиниён ин минтақа дар ихтиёраш гузошта хоҳад дошт. Аммо аввали соли равон фаластиниён дар вокуниш ба шаҳраксозии Исроил дар манотиқи ишғолӣ музокироти сулҳ бо ин кишварро муддати кӯтоҳе муттавақиф карданд.
XS
SM
MD
LG