Пайвандҳои дастрасӣ

Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти вилояти Хатлон барномаи хосеро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хатари гуруснагиву норасоии ғизо рўйи даст надоранд.

Бо ин вуҷуд ки Бонки ҷаҳонӣ ва Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони милали муттаҳид аз ҷомиъаи байнулмилалӣ даъват кардаанд, талошҳояшонро барои муқобила бо гуруснагиву норасоии ғизо ҳамоҳанг созанд, устондорони Хатлон иқрор мекунанд, ки тарҳи бавижаеро дар ин иртибот таҳия накардаанд ва фақат дар чаҳорчўби Барномаи миллии коҳиши мизони нодорӣ ба ҳалли ин мушкил сар мезананд.

Вақте аз масъулини иқтисоду иҷтимоъи ниҳодҳои давлатии Хатлон суол мекунем, ки оё то куҷо гуруснагӣ ва норасоии ғизо ба ин минтақа таҳдид мекунад ва оё барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи ин мушкил чӣ коре анҷом дода шудааст ва чӣ теъдод аз сокинони ҷануби кишвар аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд, посухи дақиқу сареҳ дарёфт намешавад; гурўҳе аз сўҳбат сари ин мавзўъ худдорӣ кардаву иддае гуруснагиву камбуди ғизоро мушкили бегона ба хатлониҳо мехонанд. Шералӣ Бузмаков, сардори идораи беҳдошти Хатлон, гуфт, гуруснагӣ беморист, аммо натавонист бигўяд, ки чи теъдод аз сокинони минтақа аз норасоии ғизо азият мекашанд:

«Мутмаинам, ки мушкили камбуди ғизо барои сокинони бахусус Хатлонзамин, водии зарнисор ва ҳосилхези кишвар, хатар надорад. Шумо оё хонаводаеро медонед, ки аз набуди орду ғизо азият кашад?! 80 дар сади сокинони вилоят дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ҳамаашон замин доранд, молу маводи ғизоӣ доранд, чаро инро воситаҳои ахбори омма ба назар намегиранд?!»

Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ таъкид кардааст, ки барои расидагӣ ба ниёзмандиҳои изтирорӣ, захираҳои ғизои иловагӣ ба маблағи ҳадди ақалл 500 миллион доллари дигар зарур аст, вагарна мардуми зиёд азият мебинанд аз гуруснагӣ ҷон хоҳанд дод. Тоҷикистон низ ба шумули 37 кишвари бисёр осебпазир қарор гирифтааст, ки хатари гуруснагию норасоии ғизо ба он таҳдид мекунад.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, хароҷоти аҳолии Тоҷикистон барои дастрас кардани хӯрока хеле афзудааст, дар ҳоле ки худи маводи ғизоӣ камчин ва истеъмолаш кам шудааст. Аксари аҳолӣ танҳо як маротиба дар як шабонарӯз ғизо истеъмол мекардаанд. Бисёре аз оилаҳо ночор ба фурӯши чорвои хонагӣ ва дигар ҷиҳози зиндагияшон шурӯъ кардаанд. Қариб 10 дар сади сокинони кишвар, беш аз ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон, аз норасонии ғизо танқисӣ доштаанд ва ҳамзамон 17 дар сади тоҷикистониҳо аз лиҳози амнияти ғизоӣ бисёр заъфпазир будаанд.

Ҳангомаи Исмат, рўзноманигори мустақил аз Қўрғонтеппа бо таваҷҷўҳ ба ин мушкил дар ҷануби Тоҷикистон мегўяд, имсол хушксолӣ ва коҳиши тавлидоти ғаллаву полезӣ дар кишвар ҳам пешгўӣ мешавад. Заминҳои қобили кишти вилояти Хатлонро малахи марокашӣ зер кардааст, фавран тоза кардани беш аз 50 ҳектор майдони кишт аз малах кори саҳлу сода нест.

Ва аммо мақомоти устони Хатлон дурустии пешгўиҳои созмонҳои байнулмилалӣ ва коршиносонро зери суол мебаранд ва иддао доранд, ки сокинони ҷануби кишвар аз камбуди маводи ғизо, бахусус орду полезӣ, ранҷ нахоҳанд кашид.

Ин ҳам дар ҳоле ки феълан дар бозору фурўшгоҳҳои Қўрғонтеппа ба ҳисоби миёна қимати як халтаи 50-килоии орд 125 сомонӣ, як кило гўшт 25 ва як литр равған 6 сомонӣ аст. Барои қиёс, дар як соли пеш халтаи орд тақрибан 60-65, гўшт на беш аз 7-8 ва равған дуюним сомонӣ арзиш дошт. Маоши ҳадди ақалл 20 сомонӣ ва ҳақмузди миёна дар Тоҷикистон чизе беш аз 30 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон иқрор мекунанд, дар таркиби хӯроке, ки сокинони кишвар ҳамарӯза бояд тановул кунанд, миқдори зиёди витамину ғизоҳо намерасад, ин боиси афзоиши бемориҳо шудааст.

Бар асоси таҳқиқоти расмӣ, ки дар соли 2006-ум анҷом шудааст, 7 дар сади кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола ба бемории гуруснагии шадид ва 21 фисади кӯдакони то 5-сола аз гуруснагии доимӣ ва камбуди ғизо азият мекашанд. Аммо дар мавриди ин ки ҷамъан чи теъдод аз сокинони Тоҷикистон аз норасоии хӯрока ранҷ мебаранд, мақомоти кишвар изҳори бехабарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG