Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасҳеҳи талафоти кишоварзии Тоҷикистон аз сармо


Мақомоти Тоҷикистон иқрор карданд, ки зарари сармои бесобиқаи зимистони гузаштаро ба ришати кишоварзӣ ба маротиб зиёд нишон додаанд. Вазири кишоварзии Тоҷикистон, Қосим Қосимов дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, зарари воқеъӣ наздик ба 130 миллион доллар будааст. Аммо дар моҳи феврал давлати Тоҷикистон ин зиёнро ба кишоварзӣ 650 миллион ва ҷамъан беш аз 1 миллиард доллар эълом дошта буд. Дар шарҳи сабаби чунин фарқи азими баробар ба 520 миллион доллар, вазири кишоварзӣ гуфт, он замон иттилоъи дақиқи хисороти сардиҳои бесобиқа дастрас набуд ва масъулин ҳисобҳои тахминӣ додаанд. Аз будаш беш нишон додани зарар ба кишоварзӣ дар ҳоле ошкор мешавад, ки зимни ҳушдори Сандуқи Байнулмилалии Пул аз пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, Бонки Миллии Тоҷикистон масъул шудааст, наздик ба 48 миллион доллар кӯмаки ин сандуқро бозгардонад.
XS
SM
MD
LG