Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш ва Браун аз Эрон интиқод карданд


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ва сарвазири Бритониё Гордон Браун ваъда доданд, ки барои пешгирӣ аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ муштаракан талош хоҳанд кард. Дар суханронии худ дар нишасти якҷояи хабарӣ дар Кохи Сафеди Вошингтон, Буш гуфт, агар Эрон дар ғанисозии ураниум маҳорат пайдо кунад, ин дониш метавонад дар таҳияи бомби ҳастаӣ корбаст шавад: "Онҳо, яъне Эрон, худро нишон доданд, ки ғайриқобили эътимоданд. Ва чашм пӯшидан аз ину иҷозаи ғанисозӣ додан ва фикр кардан, ки ин барнома ва донишҳо ба барномаҳи ҳарбӣ интиқол дода нахоҳанд шуд, ба қавзовати ман, содалавҳӣ мебошад." Дар навбати худ, Браун пешниҳод карданд, ки таҳримҳои Аврупо зидди Эрон тақвият дода шаванд. Ҳукумати Эрон талош ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG