Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз озодии амали террористон дар марзи Покистону Афғонистон


Дафтари бозрасии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, бо вуҷуди онки Вошингтон ба Покистон ба ҳайси кӯмаки ҳарбӣ ва иқтисодӣ даҳуним миллиард доллар медиҳад, террористон дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи ин кишвар озодона фаъолият мекунад. Дафтари бозрасии ҳукумати Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида нақшаи куллии бархӯрд бо таҳдидҳои террористиро надорад. Бархе аз ниҳодҳои давлат, аз ҷумла Вазорати дифоъи Амрико бо ин хулосаҳо розиянд, аммо Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, чунин барномаи фарогир мавҷуд аст ва амалӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG