Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният баҳси Гурҷистону Русияро баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо иҷрои талаби Гурҷистон дар даъвати иҷлосияи фавқулодда ҳафтаи оянда баҳси миёни Русия ва Гурҷистонро баррасӣ хоҳад кард. Раиси шӯро, сафири Африқои Ҷанубӣ дар СМ, Думисани Кумало ба хабарнигорон гуфт, вай дар ин бора талаби хаттии ҳукумати Гурҷистонро дарёфт кардааст. Дирӯз ҳукумати Гурҷистон аз Русия талаб кард, нақшаи бунёди равобити наздиктар бо манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро бекор кунад. НАТО ва Иттиҳоди Аврупо низ дар ин бора изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG