Пайвандҳои дастрасӣ

Русия пойгоҳи ҳарбияш дар Тоҷикистонро таҳким мебахшад


Фармондеҳи нерӯҳои ҳавзаи Соҳили Волга ва Урали Русия, генерал Владимир Болдирев, ки бозрасии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро ба поён расонд, мегӯяд, барои таҳкими зербинои ин пойгоҳ 1 миллиард рубл тахсис дода хоҳад шуд. Вай гуфт, Маскав бояд ба ин пойгоҳ аҳамияти вижа қоил бошад ва ин сармоя ба сохтмони шаҳракҳои мустаҳками ҳарбӣ дар Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе харҷ гардад. Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2004 таъсис ёфта, аз се полки зиреҳии пиёданизом, тӯпхона, полки зидди ҳаво, гурӯҳи тӯпчии "Град", панҷ ҳавопаймои ҷангии Су-25 ва ҳафт чархболи ҳарбӣ иборат аст.
XS
SM
MD
LG