Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи чаҳоруми пайиҳами «Регар» ТадАЗ


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар чаҳорумин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ноҳияяи Панҷ дастаи «Саройкамар»-и инҷоро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Дар ин дидор Бахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 14-ум ҳисобро боз кард. Баъди 12 дақиқа Иброҳим Рабимов тӯби дувумро ба дарвозаи «Саройкамар» ворид намуд. Ду голи дигари «Регар» ТадАЗ-ро дар нимаи дувуми бозӣ Неъмат Шуҷоъатов (54) ва Жаилтон Оливейраи бразилӣ (75) ба самар расонданд.
Бозии дигари даври чаҳорум миёни ду дастаи шаҳри Қурғонтеппа – «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» – дар варзишгоҳи «Пахтакор» баргузор шуд. «Вахш» пас аз ду бохти пайиҳам дар майдони худ ин дафъа ба комёбӣ даст ёфт: Абдурасул Наимов дар дақиқаи 28-ум ва Юсуф Рабиев дар дақиқаи 55-ум ба дарвозаи «Тоҷиктелеком» ду голи беҷавоб заданд.
Ду бозии охирини даври чаҳорум бегоҳи 17-уми апрел баргузор шуд. Бозии «Динамо»-и Душанбе бо «Гвардия»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. «Энергетик»-и Душанбе бар тими меҳмон – «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Бад-ин тартиб, пас аз 4 даври бозиҳо «Регар» ТадАЗ бо 12 имтиёз мисли пешин дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Динамо» бо 8 имтиёз дар ҷои дувум мебошад. Тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 2 бозӣ камтар анҷом додааст, бо 6 имтиёз зинаи севумро касб кардааст.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди 4 давр
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Регар» ТадАЗ
4
4
0
0
18-3
12
2.
«Динамо»
4
2
2
0
6-4
8
3.
«Парвоз»
2
2
0
0
3-1
6
4.
«Гвардия»
3
1
1
1
5-7
4
5.
«Энергетик»
3
1
0
2
6-6
3
6.
«Вахш»
3
1
0
2
3-3
3
7.
«Хуҷанд»
2
1
0
1
1-1
3
8.
«Тоҷиктелеком»
3
1
0
2
1-3
3
9.
«Равшан»
3
1
0
2
4-7
3
10.
CSКА «Помир»
3
1
0
2
3-8
3
11.
«Саройкамар»
4
0
1
3
4-11
1
Даври панҷуми мусобиқот 20-ум апрел оғоз мешавад. «Парвоз» бо CSKA «Помир», «Гвардия» бо «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» бо «Саройкамар» бозӣ мекунанд. Ду бозии дигари даври чаҳорум 21-уми апрел байни дастаҳои «Хуҷанд»-у «Энергетик» ва «Равшан»-у «Динамо» баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG