Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адамов маҳбасро тарк кард


Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми пешини собиқ вазири саноати ҳастаии Русия Евгений Адамовро ба ҳукми шартӣ иваз ва ӯро аз маҳбас озод кард. Ду моҳ пеш як додгоҳи ноҳиявии пойтахти Русия Адамовро барои панҷу ним сол равонаи зиндон карда буд. Зимни тафтишот ӯ дар сӯиистифода аз мансаб ва азхуд кардани дасти кам 30 миллион доллар муттаҳам шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Евгений Адамов се сол пеш бо тақозои Иёлоти Муттаҳида дар Швейсария боздошт шуда буд ва баъди пофишории зиёди Маскав ба Русия истирдод гардид.

XS
SM
MD
LG