Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони нав Белградро ба ҳамкорӣ хонд


Серж Брамертс, Додситони нави Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг гуфт, ки Сербия бояд ҳамкориро бо ин додгоҳ густариш диҳад. Брамертс имрӯз барои нахустин бор чун Додситони нав вориди Белград шуд.

Ҳамкории наздик бо Додгоҳи байнулмиллии Ҳейг яке аз шартҳои калидии ба Иттиҳодияи Аврупо пайвастани Сербия маҳсуб мешавад. Додгоҳ аз Белград боздошт ва истирдоди муҷримон дар ҷиноёти низомӣ дар ҷараёни задухурдҳо дар Югославияи собиқ дар авоили солҳои навадуми қарни гузаштаро талаб дорад.

XS
SM
MD
LG