Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифлис хостори пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ шуд


Имрӯз Тифлис аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки ба забт шудани ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи Русия роҳ надиҳад. Дар изҳороти вазорати хориҷаи Гурҷистон омадааст, тасмими Маскав барои равобити наздиктар бо ин ду минтақаи ҷудоихоҳ “гоми хатарнокест дар роҳи забти қаламрави Гурҷистон”. Вазорати хориҷа аз Паймони НАТО, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ даъват кардааст, ки ба ин қазия расидагӣ кунанд. Ба ин нукта имрӯз Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон низ ишора кард. Ӯ гуфт, ки "аз Федератсиони Русия мо интизорем ва талаб мекунем, ки ҳамаи тасмимҳои алайҳи истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон қабулкардаашро бознигарӣ кунад. Ман мехоҳам, ки ҳар кас бидонад, мо барои ҷалби пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба хотири аз роҳи осоишта муттаҳид кардани Гурҷистон талош хоҳем кард".

Дирӯз Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо, Паймони Атлантики Шимолӣ эълом доштанд, ки аз тасмими Русия барои қаробати наздиктар бо ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон нигаронанд.
XS
SM
MD
LG