Пайвандҳои дастрасӣ

Русия қарзи Либияро лағв кард


Русия қарзи Либия ба маблағи чаҳору ним миллиард долларро лағв кард ва ба ин ивази ин ширкатҳои русӣ аз Триполӣ қарордодҳои чандмиллиарддолларӣ дарёфт намуданд. Бастаи аснод имрӯз дар Триполӣ дар ҳузури раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ имзо шуд. Тибқи ин аснод таъсиси корхонаи муштарак аз сӯи ширкати Газпром ва ширкати нафту гази Либия ва бунёди роҳи оҳан дар Либия аз сӯи мутахассисони рус дар назар аст.
Либия охирин кишварест, ки Владимир Путин ба ҳайси раисиҷумҳури Русия сафар кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG