Пайвандҳои дастрасӣ

HRW алайҳи ҳукми қатл дар Афғонистон


Созмони дидбони ҳуқуқи башар "Human Rights Watch" аз раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай даъват кард, ки зери ҳукми эъдоми тақрибан 100 муҷрим имзо нагузорад ва ба ҳукми қатл дар кишвар мораторий ҷорӣ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки системи ҳуқуқии Афғонистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ нест ва дар додгоҳҳои кишвар бозрасии парвандаи афроде, ки ба марг маҳкум мешаванд, одилона сурат намегирад.

XS
SM
MD
LG