Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси номзадҳо қабл аз раӣъдиҳӣ дар Пенсилвания


Номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама қабл аз интихоботи муқаддамотӣ дар аёлати Пенсилвания дар баҳси телевизионӣ ширкат карданд. Интихоботи муқаддамотӣ дар ин аёлат 22 апрел доир мешавад. Хонум Клинтон ва Обама изҳори итминон карданд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии тирамоҳи соли равон ҳар яки онҳо аз болои номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн пирӯз хоҳанд шуд. Ва аммо онҳо аз посух ба суол дар бораи имкони ширкати муштаракашон дар интихобот ба ҳайси раиси ҷумҳур ва ноиби раисиҷумҳур сарпечӣ карданд.

XS
SM
MD
LG