Пайвандҳои дастрасӣ

Тибетиҳо барои эътироз дар Деҳлӣ ҷамъ омаданд


Тибетиҳо ва ҷонибдорони онҳо баробари ба Деҳлӣ - пойтахти Ҳиндустон расидани машъали олимпӣ намоишҳои эътирозиро аз сар гирифтанд. Дар фурудгоҳи шаҳр кормандони пулис ҳудуди 50 нафар аз ширкаткунандагони намоиши ҷонибдорони истиқлоли Тибетро боздошт карданд.

Ҳаракати машъали олимпӣ дар пойтахти Ҳиндустон зери чораҳои шадиди амниятӣ сурат хоҳад гирифт, барои ҳифзи тартибот 15 ҳазор кормандони пулис сафарбар шудаанд, масири ҳаракати машъал аз сӯи чархболҳо низ назорат мешавад. Ба хотири ҷилавгирӣ аз талошҳои халалдор кардани маросим мақомот соати шурӯъи ҳаракати машъали олимпӣ дар хиёбонҳои шаҳрро эълон накардаанд.

Дар Ҳиндустон тақрибан 100 ҳазор фирориён аз минтақаи Тибети Чин ба сар мебаранд. Ҳукумати фирории Тибет даъват кард, ки дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ аз хушунат кор гирифта нашавад.
XS
SM
MD
LG