Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии шадиди Бан аз авзоъ дар Ховари Миёна


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун аз забона задани ташаннуҷ дар Ховари Миёна шадидан изҳори ташвиш кард. Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои исроилӣ дар Навори Ғазза 17 фаластинӣ, асосан афроди осоиштаро ба қатл расонданд. Наворбардори Ройтерз низ дар миёни кушташудагон аст. Вай мехост аз ин рейди исроилиҳо ба урдугоҳи паноҳандагони Ал-Бурейҷ дар ҷануби Ғазза наворбардорӣ кунад ва мушаки исроилиҳо ба мошини ӯ бархӯрд. Дирӯз дар ин минтақа се сарбози исроилӣ ва чаҳор мусуллаҳи Ҳамос дар ин ҷараёни юриши Исроил ба маҳалҳое, ки аз он ҷо ба самташ мушак партоб мешавад кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG