Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум Амрикоро ба дипломатия даъват кард


Попи Рум Бенедикти Шонздаҳ аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, низоъҳои байнулмилалиро на бо василаҳои ҳарбӣ, балки бо роҳи дипломатӣ ҳал кунад. Вай гуфт, амрикоиҳо дар таърих садоқати худро ба рушди озодӣ нишон дода ба ниёзҳои башарӣ расидагӣ кардаанд. Изҳороти Поп дар ҳузури 10 000нафар меҳмоне садо дод, ки ба Кохи Сафед даъват шудаанд. Вале Поп мушаххасан аз низоъ дар Ироқ ном набурд.
XS
SM
MD
LG