Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Ҳамос бо собиқ президенти ИМА вомехӯранд


Бо ҳадафи мулоқот бо собиқ президенти ИМА Ҷиммӣ Картер ҳайъати раҳбарони Ҳамос аз минтақаи Ғазза ба Миср рафтанд.
Сухангӯи ҷумбиши тундгарои исломӣ мегӯяд, вохӯрӣ имрӯз ва ё фардо дар Қоҳира ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ба қавли ин манбаъ Исроил ба Картер иҷозат надод, вориди минтақаи зери назорати Ҳамос шавад.
Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2002-ум сафараш ба Ховари Миёнаро рӯзи якшанбе оғоз намуд, ки 9 рӯз идома хоҳад дошт. Картер мехоҳад раванди сулҳи Ховари Миёнаро тақвият бахшад. Ӯ сарфи назар аз мухолифати ҳукуматҳои Исроил ва ИМА ният дорад, охири ҳафтаи равон дар пойтахти Сурия бо пешвои сиёсии Ҳамос Холид Машъал вохӯрад.
XS
SM
MD
LG