Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруҳи ҳунарии академияи «Шашмақом»-и Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷашни 1150-солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шоми сешанбе дар пойтахти Русия шаҳри Маскав барномаи хоссаеро иҷро кард.

Барнома бо сурудани порае аз қасидаи машҳури «Шикоят аз пирӣ»-и Устод Рӯдакӣ бо навои «Аҷам» аз мақоми «Сегоҳ» оғоз гардид:
Ту Рудакиро, эй моҳрӯ, кунун бинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки инчунин он буд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бигрифт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд.
Ба дунболи ин шеъри устод Рудакӣ созандагон ва навозандагонАбдувалӣ Абдурашидов, Камол Ҳамдамов ва Сироҷиддин Ҷӯраев бо сетор, танбур ва дутор навои «Наврӯзи Аҷам»-ро иҷро карданд, ки алоқамандони «Шашмақом»-ро ба ваҷд овард.
Дар маҳфил таййи ду соъат дар маҷмӯъ 12 наво ва тарона азхазинаи «Шашмақом» тақдими ҳаводорони он гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар маҳфил тоҷикони муқими Маскав, бо шумули донишмандону донишҷӯён ва масковиҳои дилбастаи фарҳанги инронитаборон ширкат доштанд.
Райиси бахши фарҳанг дар ҳукумати шаҳри Маскав Татяна Базилова дар суханронии худ , аз ҷумла, чунин иброз кард: «Мо аз дидор бо тоҷикон дар Кохи миллатҳо ҳамеша шод мешавем. Мо бо шумо дӯстони қадим ҳастем!..»
Намояндаи бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Маскав афзуд, ки тоҷикон ҳамеша ба Кохи фарҳанги Маскав бо дастовези тоза ташриф меоранд ва ҳар дидор бо онҳо нотакрор аст, зеро тоҷикон мардуми доно, зебо ва шоиста ҳастанд.
Роҳбари дастаи ҳунарии «Шашмақом», олими риштаи мусиқӣ Абдувалӣ Абдурашидов аз истиқболи гарми ҳамватанон дар Маскав изҳориШодмонӣ кард ва ҳамзамон хабар дод, ки ба Маскав пас аз консерт аз Порис омадааст ва ширкат дар ҳамоиши гиромидошти устод Рудакӣ дар Маскавро барои худ мояи сарафрозӣ медонад.
Дар ҳошияи барномаи «Шашмақом» ҳозирон аз ашъори устод Рудакӣ намунаҳо қироъат карданд. Доктори улуми филологӣ Боғшоҳи Лашкарбекдар бораи устод Рудакӣ як гузориши фишурда ироъа кард.
Ин ҳамоиши бузургдошти устод Рудакӣ дар Маскав бо ширкати дастаи ҳунарии «Шашмақом» бо ибтикори «Иттиҳодияи тоҷикистониҳои Русия» баргузор гардид. Раиси созмони мазкур Абдуллоҳи Давлат дар поёни маҳфил ҳабар дод, баргузории чунин маҳфил дар моҳи сентябр, дар рӯзҳои ҷашни 1150-солагии устод Рудакӣ ва ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG