Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои собиқ додситони ҳарбии СММ собит нашуд


Идораи додситонии ҷиноятҳои ҳарбии СММ мегӯяд, ҳеҷ шаҳодате барои исботи иддаои куштори даҳҳо серб аз тарафи размандагони албанитабор ва фурӯши аъзои бадани онҳо дар охири ҷанги солҳои 1998-199-ум пайдо накардааст.
Сухангӯи додситонӣ хонум Олга Кавран изҳор намуд, муфаттишон аз ҳамон минтақаи шимоли Албания, ки тибқи иддао дар он куштори сербҳо ба вуқӯъ пайвастааст, зиёрат карданд, вале ягон шаҳодати воқеии куштори сербҳоро наёфтанд. Солҳои 2002-2003-ум мансабдорони СММ дар Косово ин иддаоро ба баррасии Додгоҳи низомии ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Югославияи собиқ ҳавола карда буданд. Собиқ додситони ҷиноятҳои ҳарбӣ хонум Карла Дел Понте дар китобаш ин иттиҳомотро хотирнишон кардааст.
XS
SM
MD
LG