Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ду сарбози хориҷӣ дар ҷануби Афғонистон


Имрӯз дар ҷануби Афғонистон ду сарбози нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) кушта шуданд. Аснои таркиш ду низомии дигар маҷрӯҳ шудаанд. Нерӯҳои зери фармони Нато тафсилоти бештар надоданд. Сар аз оғози соли равон то имрӯз дар Афғонистон беш аз 40 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳамин ҳол манбаъҳои афғонӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар натиҷаи бархӯрди мусаллаҳона дар вилояти Зобул як афсари полиси афғон ва панҷ толиби ҷангҷӯй ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG