Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Ироқ ба нокомии террористон бовар дорад


Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ мегӯяд, ӯ аз ҳар вақти дигар бештар бовар дорад, ки дар Ироқ террористон ноком мешаванд.
Рӯзи чоршанбе дар Брусел Ал-Моликӣ дар кумитаи равобити хориҷии парламенти Аврупо суханронӣ намуд.
Як рӯз пеш аз он бар асари силсилаи таркишҳо дар саросари Ироқ камаш 60 кас кушта шуданд.
Ал-Моликӣ бар ин назар аст, ки ҷумбиши ҷиҳодиҳо дар инзивоъ қарор дошта, саъй менамояд, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳгоҳ ёбад. Ҳамчунин сарвазири Ироқ аснои сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, дар соҳаҳои газу нафт Ироқ ҷонибдори тавсеаи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG