Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамкории Русия бо Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ


Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, президенти ин кишвар Владимир Путин ба ҳукумат дастур додааст, ки бо манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубии Гурҷистон равобити наздиктаре танзим диҳад.
Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад, ки ҳукумат дастур гирифтааст, бо мақомоти феъли Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ҳамкорӣ ташкил намуда, аз ҷумла тиҷорат, равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиро таҳким бахшад. Ба қавли вазорат Путин дастур додааст, ки ҳукумат ниҳодҳои қонунии дар ин минтақаҳо сабти ном шударо ба расмият шиносад. Дар изҳорот ҳеҷ сухане дар бораи пуштибонӣ аз иддаоҳои соҳибистиқлолии ин ду гӯшаи Гурҷистон зикр нашудааст.
XS
SM
MD
LG