Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Эрон дар Чин бидуни пешрафт хотима ёфт


Имрӯз дар шаҳри Шангҳай баррасии барномаи ҳаставии Эрон бидуни кадом пешрафте ба анҷом расид. Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ҳамроҳ бо Олмон имкони тавсеаи имтиёзҳо барои ташвиқи қатъи ғанигардонии уран аз тарафи Теҳронро баҳс карданд.

намояндаи ҳайъати Чин ёвари вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳе Яфей гуфт, ҷонибҳо чорчӯби умумии барномаи эҳёи музокиротро пазируфтанд. Теҳрон борҳо қатъи ғанигардонии уран дар муқобили имтиёзҳои тиҷориву ғайраро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG