Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳзоби сиёсӣ ва масоъили интихобот дар Тоҷикистон


Дар ҳоле ки камтар аз ду соли дигар то баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон боқӣ мондааст, намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон лоиҳаи ҷадидеро оид ба таҳким додани қудрати аҳзоби сиёсӣ дар Хатлон дар мавриди назорати интихобот маблағгузорӣ кардаанд.

Пиёдасози тарҳи мазкур – созмони ҷамъиятии «Рушд» – дар давоми 16 моҳи оянда ба таҳқиқу баррасии вазъи ҳизбҳои сиёсии дар қаламрави устони Хатлон фаъъол, омӯзиш додани нозирони интихоботии онҳо ва нашри дастурамалҳои назорати раъйдиҳиҳо машғул хоҳад буд.
Дар расми ифтитоҳи ин лоиҳа ҳизбҳои сиёсии мухолифи давлат аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалии нозир интиқод карда ва гуфтанд, ки иҷрои барномаҳои марбут ба такмили маърифати ҳуқуқии аъзои ҳизбҳо як кори бесамар ва бенатиҷа аст, чун, ба қавли онҳо, дар мисоли интихоботҳои пешин, равшан аст, ки ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ин маъракаи сиёсӣ муғойир ба қонунҳои ҷорӣ ва меъёрҳои таъйиншудаи байнулмилалӣ сурат мегирад.
Қаландар Садурдинзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар устони Хатлон, мегӯяд, то замоне ки дар низоми баргузории раъйдиҳиҳо дар ин кишвар таҷдиди назар нашавад, ҳама гуна талошҳои қудратбахшии ҳизбҳо ҷиҳати назорати интихобот бепоя ва бенатиҷа анҷом хоҳанд ёфт: «Агар давлат барои ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои нозир кафолати қатъӣ бидиҳад, ки интихоботҳои баъдӣ шаффофу озод ва бо риъояи меъёрҳои демократӣ баргузор мешавад. Эҳтимол, ин гуна барномаҳо ва худи чорабиниҳои сиёсӣ беҳусну бидуни рақобати дуруст поён меёбанд. Мақомоти давлат мехоҳанд мақсадҳое, ки нодуруст анҷом медиҳанд, бар зиммаи аҳзоби сиёсӣ бор мекунанд ва нафари дилхоҳро ба мақомҳои дуруст аз пеш таъйин мекунанд, ки зимнан, ширкати номзадҳои ҳизбҳои дигар дар ин гуна интихоботҳо бемаъниву беҳуда аст…»
Қаландар Садурдинзода афзуд, феълан зарурате ба миён омадааст, ки миёни давлати Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалии нозир тааҳҳуде баста шавад ва ҳукумат масъулият бар дӯш бигирад, ки аз ҳаргуна тақаллуб дар корзори интихобот ҷилавгирӣ намуда ва дар ин маъракаи сиёсӣ аслан мудохила намекунад.
Ва аммо Юсуф Мамадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд» ва раҳбари лоиҳаи қудратбахшии аҳзоб дар Хатлон, дар мавриди назорати интихобот, дар қиболи танқидҳои намояндаи Ҳизби Наҳзати исломӣ, бар заъфу нотавонии худи ҳизбҳои мухолифи давлат таъкид: «Аҳзоби сиёсӣ дар аксари маврид чунин гумон мекунанд, ки бояд кадом як ташкилоти байналхалқӣ ба онҳо кумак ва ё мусоъидат намоянд, то онҳо сари қудрат биёянд. Ман фикр мекунам, ҳизбҳо худ бояд фаъъол бошанд ва дар ҳалли ҳама мушкилоти пеши роҳи худ муваффақ шаванд. Аҳзобе ки аз мушкилоти сиёсӣ меҳаросанд, миёни мардум наметавонанд маҳбубият касб кунанд».
Дар ҳамин ҳол, масъулини аҳзоби сиёсии мухолифи давлат, ки дар расми ифтитоҳи лоиҳаи қудратбахшии аҳзоби вилоят ширкат доштанд, бар ин назаранд, ки бо вуҷуди амалисозии барномаҳои гуногун дар мавриди таҳкими назорати интихоботҳо, мақомоти Кумисиюни марказии интихобот ва давлати Тоҷикистон натоиҷи ҳама гуна раъйдиҳиро аз қабл тарҳрезӣ ва шонси пирӯзии ҳизбҳои мунтақиди ҳукуматро ба сифр баробар мекунанд. Гулнора Ғозиева, раҳбари муваққати Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров дар Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд: «Дар интихоботҳои гузашта худ шоҳид будам, ки қонуншиканиҳои баръало сар мезаданд ва касе онро рӯпӯш ҳам намекард. Чунин ба назар мерасад, ки дигар назари ҳизбҳо ва манофеъи ҳизбҳоро мақоме ҳифз намекунад ва агар чунин давом кунад, дигар ширкати нозирони мо ва номзадҳои ҳизби мо дар интихоботҳо аҳаммияташро гум мекунад…»
Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумисиюни марказии интихобот иддаоҳои аҳзоби сиёсӣ дар мавриди ношаффофу ғайримунсифона сурат гирифтани раъйгириҳо дар Тоҷикистонро радд мекунанд. Нарзулло Барфиев, узви КМИР аз вилояти Хатлон: «Фикри як ҳизби сиёсӣ маънои онро надорад, ки фикри тамоми ҷомиъа бошад. Не. КМИР ҳамеша дар ҳама маъракаҳои интихоботӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иштироки фаъъолонаи тамоми ҳизбҳои сиёсиро таъмин намояд. Интихобот аз тарафи халқ гузаронида мешавад, ин як маъракаи ҷамъиятист, демократист. Онро касе ҳуқуқи идора кардан ва ба натоиҷаш таъсир гузаштан надорад».
Ва аммо масъулини лоиҳаи қудратбахшӣ ба аҳзоби сиёсии Хатлон дар мавриди назорати интихобот бар ин назаранд, ки бо анҷом додани тадқиқоти хосса дар се моҳи оянда решаҳо, омилҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти шохаҳои аҳзоби сиёсӣ дар қаламрави ҳама 25 шаҳру ноҳияи ҷанубии Тоҷикистонро муайян хоҳанд кард. Зимнан, дараҷаи ширкати нозирони маҳаллӣ дар интихобот, дониши нозирони маҳаллӣ доир ба тартиби назорати раъйгириҳо, эҳтиёҷоти нозирон, бархӯрди манофеъи нозирони ҳизбҳо ва масъулини интихобот арзёбӣ ва ба баррасӣ гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG