Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори раҳбари радиои Озодӣ бо президенти Озарбойҷон


Президенти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Ҷеффрӣ Гедмин дар дидор бо президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев аз афзоиши фишори ҳукумат ба матбуот изҳори нигаронӣ кард. Алиев мавҷудияти ҳама гуна фишорро рад намуд, аммо Кумитаи дифоъ аз журналистон Озарбойҷонро панҷумин кишвари ҷаҳон дар зиндонӣ кардани хабарнигорон меномад ва созмони Хонаи озодӣ онро кишвари ноозод шумурда, ҳамроҳ бо Русия дар ҷои 164-ум дар миёни 195 кишвар қарор медиҳад. Дар давоми сафари дурӯзааш дар Озарбойҷон, Гедмин бо мақомоти давлат, сарони оппозисюн, намояндагони матбуот ва ҷомеаи маданӣ мулоқот мекунад. Мақсади асосии сафари ӯ мулоқот бо хабарнигорони Озодӣ дар дафтари Боку мебошад.
XS
SM
MD
LG