Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Бриҷит Бардо барои алфози зиддиисломӣ


Собиқ ситораи синамои Фаронса, Бриҷит Бардо, барои ангезиши танаффури нажодӣ зимни суханони баҳснокаш дар бораи мусулмонон имрӯз дар додгоҳи Порис муҳокима мешавад. Додситонҳо талаб доранд, вай 15 ҳазор евро ҷарима супорад ва шартан ба ду моҳи зиндон маҳкум шавад. Ҷазо барои он аст, ки Бардо гуфтааст, "мусулмонон бо таҳмили шеваи зисти худ мамлакати моро тахриб мекунанд." Қаблан Бардо барои суханони зидди мусулмонон чор бор муҷозот шудааст.
XS
SM
MD
LG